var gtmEventObject = {event: 'page_meta_ready'};window.dataLayer = window.dataLayer || [];window.dataLayer.push(gtmEventObject);
var renderGtm = "true";
if (renderGtm === "true") {
(function(w,d,s,l,i){w[l]=w[l]||[];w[l].push({'gtm.start':new Date().getTime(),event:'gtm.js'});var f=d.getElementsByTagName(s)[0],j=d.createElement(s),dl=l!='dataLayer'?'&l='+l:'';j.async=true;j.src='//www.googletagmanager.com/gtm.js?id='+i+dl;f.parentNode.insertBefore(j,f);})(window,document,'script','dataLayer','GTM-WXZBPZ');
var utag_data = Object.assign({}, analyticsData, {pub_year:"2026",pub_month:"10",pub_day:"08",pub_hour:"11",pub_weekday:"Thursday"});
if(typeof(TealiumTagFrom)==='function' && typeof(TealiumTagSearchKeyword)==='function') {
var utag_from=TealiumTagFrom();var utag_searchKeyword=TealiumTagSearchKeyword();
if(utag_searchKeyword!=null && utag_searchKeyword!=='' && utag_data["search_keyword"]==null) utag_data["search_keyword"]=utag_searchKeyword;if(utag_from!=null && utag_from!=='') utag_data["from"]=TealiumTagFrom();}
if(window.top!== window.self&&utag_data.page_type==="snippet"){utag_data.page_type = 'iframe';}
try{if(window.top!==window.self&&window.self.location.hostname===window.top.location.hostname){utag_data.platform = 'self-embed';utag_data.platform_short = 'se';}}catch(e){if(window.top!==window.self&&window.self.location.search.includes("platformType=self-embed")){utag_data.platform = 'cross-promo';utag_data.platform_short = 'cp';}}
(function(a,b,c,d){ a="https://tags.ozodi.org/rferl-pangea/prod/utag.js"; b=document;c="script";d=b.createElement(c);d.src=a;d.type="text/java"+c;d.async=true; a=b.getElementsByTagName(c)[0];a.parentNode.insertBefore(d,a); })();
Пайвандҳои дастрасӣ
Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
Ҷаҳиш ба ҷустор
Баъдӣ
Пӯшонед
Пешӣ
Баъдӣ
Тасвир саҳнаҳое дорад, ки шояд барои дигарон нофорам бошанд.
Пардабардорӣ
Пайванд нусхабардорӣ шуд
ТАРҲҲО
Гӯшаҳо
Сиёсат
Иқтисод
Ҷомеа
Қазияи "Крокус"
Осиёи Марказӣ
Фарҳанг
Меҳмони Озодӣ
Варзиш
Гапи Озод
Рӯзгори муҳоҷир
Салом, хоҳар
Таҳқиқот
Ҷанг дар Украина
Назари мардум
Блогистон
Озодӣ Онлайн
Чандрасонаӣ
Видео
Нигористон
Гузоришҳои радиоӣ
Рӯйхатҳо
Китобҳои Озодӣ
Русский
Пайгирӣ кунед
Ҳамаи сомонаҳои RFE/RL
Ҷустуҷӯ
РУС
TV
TV
Ҷустуҷӯ
if (document.body.className.indexOf('pg-home') > -1) {
var nav2In = document.querySelector('.hdr-20__inner');
var nav2Sec = document.querySelector('.hdr-20__side--secondary');
var secStyle = window.getComputedStyle(nav2Sec);
if (nav2In && window.pageYOffset < 150 && secStyle['position'] !== 'fixed') {
nav2In.classList.add('hdr-20__inner--big')
Пешӣ
Баъдӣ
Хабари нав
Дар чанд ҷумла
Октябр 08, 2026
Писари Алмосбек Отамбоевро 4 сол зиндонӣ карданд
Қодирбек Отамбоев (рост), писари Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон дар толори додгоҳ
Қодирбек Отамбоев, писари раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба чор сол зиндон маҳкум карданд.Додгоҳи ноҳияи Якуми Май дар шаҳри Бикек рӯзи 8-уми октябр ӯро ба “ғасби қудрат бо зӯр” гунаҳкор донист.Ҳамроҳи ӯ панҷ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон низ аз як то ҳашт сол зиндонӣ шудаанд.Писари президенти пешини Қирғизистон дар толори додгоҳ гуфт, ҳукми онҳо талоши тарс додани мардум дар остонаи интихобот аст.Қодирбек Отамбоев афзуд, мақомоти Қирғизистон ба зидди модар ва хоҳари ӯ ҳам парванда боз кардаанд ва онро бедодгарӣ донист.“Онҳо сиёсатмадор не, террорист ҳастанд. Ин гаравгонгирӣ ва шантажи падари ман аст," – илова кард ӯ.Парвандаи зидди Отамбоеви хурдӣ ва ҳамҳизбонаш моҳи ноябри соли 2025 боз шуд.Муфаттишон гуфтанд, онҳо гуё ба намоишҳои дастҷамъии эътирозӣ омодагӣ медиданд ва барои исботи ин иттиҳом дарёфти силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ, норинҷак, воситаҳои мухобирот ва пулро далел оварданд.Қодирбек Отамбоев писари хурдии Алмосбек Отамбоев аст. Падари ӯ соли 2019 ва баъд аз ғасби қароргоҳаш дар канори Бишкек боздошт ва аз рӯйи чанд парвандаи ҷиноӣ маҳкум гардид.Алмосбек Отамбоевро моҳи феврали соли 2023 аз зиндон озод карданд ва ӯ ба Испания барои табобат рафт. Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек моҳи июни соли 2025 Отамбоевро дар ғайбаш ба 11 солу шаш моҳ зиндон ва мусодираи молу амвол маҳкум намуд. Худи ӯ ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Октябр 08, 2026
"Ҷасадҳо дар миёни роҳ хобидаанд." Ҳамлаи Русия ба ду мусофирбар дар Украина
Краматорск, 8-уми октябри 2026
Мақомоти Украина гуфтанд, ки рӯзи 8-уми октябр бар асари ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Краматорск дар вилояти Донетск зиёда аз сӣ кас кушта ва ҳаждаҳ тани дигар маҷруҳ шуданд."Ҷасадҳо дар миёни роҳ хобидаанд," – гуфт хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса.Додситони вилояти Донетск гуфт, Русия ду автобусеро, ки дар ҳоли мусофирбарӣ буданд, эҳтимол бо бомбаҳои ҷиҳатёб ё ҳидоятшаванда ҳадаф қарор додааст.
Краматорск, 8-уми октябри 2026
Аз ин пеш, рӯзи 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаҳои Русия дар саросари Украина камаш 25 кас, аз ҷумла ду нафар дар шаҳри Киев, кушта шуданд.Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар шабакаи “X” навишт, нерӯҳои Русия як бинои истиқоматиро "ҳамчун туҳфа ба зодрӯзи ба Путин" вайрон карданд ва онро яке аз ҳамлаҳои "разилонатарин" дар ҳафтаҳои охир хонд.Маскав пештар талош карда буд, бо ҳамла ба зербунёдҳои энергетикии Украина ва дар сардиҳои шадид бе гармӣ ё нерӯи барқ гузоштани ҳазорон нафар, ба Киев фишор оварад, то талабҳои сахтгиронаи онро бипазирад.Киев дар посух бо паҳподу мушак ба иншооти низомӣ ва энергетикӣ дар дохили Русия ва роҳҳои муҳими ҳамлу нақли он дар минтақаҳои ишғолшуда зарба задааст.Аз ҷумла, ба иттилои чанд саҳифа дар Telegram, паҳподҳои Украина рӯзи ҳаштуми октябр ба як маркази додаҳои Yandex дар вилояти Рязани Русия, ки даҳҳо ҳазор серверро нигоҳдорӣ мекунад, зарба задаанд. Дар натиҷа, ширкат маҷбур шудааст, фаъолияти худро дар ин макон боздорад.Ба иттилои артиши Украина, нерӯҳои ин кишвар ҳамчунин ба корхонаи коркарди нафт ва маҷмааи нафту кимиёи "Газпром Нефтехим Салават" дар Бошқирдистон зарба заданд, ки боис ба сӯхтор шудааст.Вазорати дифои Русия рӯзи 8-уми октябр хабар дод, ки шаби гузашта 399 дрони Украинаро раҳгирӣ ва аз байн бурдааст.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 08, 2026
Энн Карсон – барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
Энн Карсон 76-сола аст
Энн Карсон, нависандаи канадаӣ, барои "эҷодиёти боҷасорат ва навоварона" барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд.Фарҳангистони Шведсия дар Стокҳолм рӯзи 8-уми октябр дар ин бора хабар дод ва гуфт, Карсон тавонистааст бо омезиши ҳунарваронаи суннатҳои адабиёти классикӣ шаклҳои нави адабиёти муосирро биофарад.Карсон 76-сола аст."Корномаи сурх" аз ҷумлаи асарҳои маъруфтарини ӯст.Соли гузашта Ласло Краснахоркаи, адиби маҷористонӣ, барандаи ҷоизаи бонуфузи Нобел дар бахши адабиёт шуд.Қарор аст, рӯзи 9-уми октябр дар Осло номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва 12-уми октябр барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод эълон шавад.Маросими тақдими ҷоизаҳои Нобел 10-уми декабр, дар рӯзи марги Алфред Нобел, барпо хоҳад шуд.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 08, 2026
Рубио аз кишварҳои ғарбӣ хост, арзишҳои Юнони бостониро бипазиранд
Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико. Афина, 7-уми октябри 2026
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки арзишҳои Юнони бостониро ба мисли "шуҷоат”, “шараф” ва “хидмат" бипазиранд.Ӯ, ки рӯзи 7-уми октябр дар канори муҷтамаи Парфенон, рамзи Юнони бостонӣ, суҳбат мекард, гуфт, юнониҳо садоқат ба миллати худро камбудӣ намедонистанд. Ва ин арзишҳо, ба қавли мансабдори баландпояи амрикоӣ, сармашқи сиёсати президент Доналд Трамп мебошанд."Имрӯз мо дар чорроҳа қарор дорем, зеро даҳаи оянда ва қарорҳое, ки мо қабул мекунем, таърихи ин қарнро муайян мекунанд. Ин самтгирӣ муқаррар хоҳад кард, ки Ғарб дар садри умури ҷаҳонӣ ҷойгир хоҳад буд ё барканор гашта, бо заъф, бандагӣ ва инзивоъ дучор хоҳад шуд," – афзуд ӯ.Рубио ҳамчун намунаи ихтилоф бо анъанаву арзишҳои ғарбӣ Эрон ва идеологияи Ҷумҳурии Исломиро мисол овард ва гуфт, муллоҳои тундгаро кӯдакони бомбгузори маргталабро чун қаҳрамон қадрдонӣ мекунанд.Дипломати баландпояи Амрико бори дигар изҳор намуд, ки ҳеч гоҳ ба Эрон имкони тавлиди силоҳи ҳастаӣ дода намешавад.Марко Рубио дар охири суҳбаташ афзуд, ҳар гуна эътилоф бояд бо ҳадафи таҳкими соҳибистиқлолии кишварҳо танзим гардад, на аз байн бурдани он. Ӯ ҳампаймонии Амрико ва Юнонро дар соҳаҳои мудофиа, энергетика, фанновариҳо ва амнитяи марзӣ намунаи чунин эътилоф номид.Маҳз ҳамин нукта боис ба баҳсҳо дар Юнон будааст. Аз як тараф, ин кишвар ба Украина кумак мерасонад ва аз тарафи дигар, аз иқдомҳои "таҷдиди назарталабӣ"-и кишварҳои ҳамсояаш ташвишҳои амниятӣ дорад.Панайотис Тсаконас, устоди равобити байнулмилалии Донишгоҳи миллии Афина ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳимоят аз арзишҳои ғарбӣ маънии онро дорад, ки аз қонуни байнулмилалӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолӣ, назме дар муқобили сиёсатҳои "таҷдиди назарталабӣ" ва таҳдидҳои гибридиву фишор пуштибонӣ ба амал ояд.Сафари Марко Рубио ба кишварҳои муттафиқи паймони НАТО дар Аврупо аз Исландия оғоз ёфта, рӯзи 8-уми октябр дар Португалия ба поён мерасад.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 08, 2026
Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон. Туркманистон, 8-уми октябри 2026
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки ҳамвора ба поймоли ҳуқуқи одамон ва маҳдуд кардани озодии баён танқид мешаванд, рӯзи 8-уми октябр дар Туркманистон ҷамъ шуданд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин нишаст бештар ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду саноат ва рушди энержии сабз таъкид кардааст.Ӯ аз ҷумла гуфтааст, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ зарфияти фаровон доранд, аммо “бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, зербунёдӣ ва содда кардани расмиёт зарур аст.”Таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, барои коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз Русия маҳз эҷоди роҳҳои алтернативии ҳамлу нақл муҳим аст.Дар зимн, ин андеша ба ташаббусҳои маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп ҳам дар робита бо ин кишварҳо муносиб аст.Барномаи пешниҳодии ӯ бо номи TRIPP бунёди долони нақлиётиеро тавассути Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Арманистон ба самти Ховари Миёнаву Аврупо дар назар дорад.Ҳоло маълум нест, ин тарҳ кай ба марҳилаи иҷро мерасад, аммо интизор меравад на дертар аз соли 2027 бояд тарҳи он омода шавад.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 07, 2026
Зане, ки Путинро танқид мекард. Аз қатли Политковская 20 сол гузашт
Анна Политковская. Акс аз соли 2002
Аз қатли рӯзноманигор Анна Политковская, мунаққиди шинохтаи Кремл, ки ҷанги Маскавро дар Чеченистон бозтоб медод ва маҳдуд шудани демократияро дар Русия бармало месохт, бист сол гузашт.Ӯ рӯзи 7-уми октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби чаҳор тир кушта шуд.Вера, духтари Анна Политковская, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мавзӯи асосии нигоштаҳои модарам ривояти саргузашти одамони одӣ буд. Ва ин ки чӣ гуна низоми сиёсӣ ва ҳарбӣ як фарди одиро пахш мекунад."Вай афзуд, аммо ҷомеаи Русия ҳушдорҳои модарашро ҷиддӣ нагирифт: "Мардум мегуфтанд, муболиға мекунӣ. Ту ҳама чизро тира мебинӣ. Ҳанӯз ҳамон вазъият ҳоким аст. Ҳама чиз, ҳатто дар муқоиса бо ончи ӯ беш аз бист сол қабл пешбинӣ карда буд, бисёр шадидтар шудааст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯйхат. Онҳое, ки баъд аз мухолифат бо Путин ё Кремл кушта шудаанд
Политковская Путинро муттаҳам мекард, ки демократияро дар Русия аз байн мебарад. Ӯ дар Чеченистон поймоли ҳуқуқи одамонро аз сӯи нерӯҳои Русия ва инчунин Рамазон Қодиров, раҳбари мавриди ҳимояти Кремл, ҷамъ меовард.Вера, духтари Анна Политковская мегӯяд, агар ӯ зинда мебуд, ҳанӯз ба хабарнигорӣ идома медод."Маълум аст, ки ӯ ба Украина мерафт. Ҷамъоварии маълумотро дар бораи он шуруъ мекард, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо ба зиндагии мардуми одӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд," – афзуд Вера Политковская.Дар Русия панҷ касро бо гуноҳи куштани Политковская зиндонӣ карданд, аммо то ҳол фармоишгари қатли ӯ маълум нест.Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва яке аз қаҳрамонҳои гузоришҳои Политковская ҳанӯз дар қудрат аст. Иттиҳомҳо дар бораи даст доштани ӯ дар куштору шиканҷа кам нашудаанд. Навор дар Инстаграм:
initInfographicsParams(
isMobile:true
(function(d) {
var paramLink = Infographics.Param["embed_code"]
, render = function() {
var decodeAndParseHtml = function(html, snip) {
var txt = document.createElement("textarea");
txt.innerHTML = html;
var frame = document.createElement('iframe');
frame.style.width = '100%';
frame.style.border = 'none';;
snip.appendChild(frame);
frame.contentDocument.open();
frame.contentDocument.write(txt.value);
frame.contentDocument.close();
frame.contentDocument.body.style.margin = '0px'
frame.addEventListener('load', function(){
setTimeout(function() {
frame.style.height = frame.contentDocument.body.offsetHeight + 3 + 'px';
frame.scrolling = 'no';
frame.contentDocument.body.style.display = 'flex';
frame.contentDocument.body.style.justifyContent = 'center';
}, 100);
var oThisInstagramSnippet = d.querySelector(".instagramSnippetDiv:not(.instagramSnippetRendered)");
decodeAndParseHtml(paramLink, oThisInstagramSnippet);
oThisInstagramSnippet.className = oThisInstagramSnippet.className + " instagramSnippetRendered";
render();
)(document);
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 07, 2026
Садама дар Ҳисор. Як модар бо ду кӯдакаш ҷон бохтааст
Вазорати умури дохилӣ аксеро аз ҷойи ҳодиса нашр кардааст, ки дар он мошини сахт осебдидаву нимавайронае дида мешавад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як садамае хабар дод, ки дар рӯзи 5-уми октябр ҷони се нафар, аз ҷумла як тифли яксоларо гирифтааст.Дар баёнияе, ки вазорат рӯзи 7-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст, фалокат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор, рӯй дод.Ба иттилои манбаъ, Ҳамдам Ниёзов, ронандаи мошини “Kia K5”, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур модари 29-сола Шукрона Табарова ва тифлони 9-сола ва яксолаи ӯро, ки аз роҳи пиёдагардон мегузаштанд, пахш кардааст.Ҳарсе узви як хонавода дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.Вазорат гуфтааст, ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва аксеро аз ҷойи ҳодиса нашр кардааст, ки дар он мошини сахт осебдидаву нимавайронае дида мешавад. Аммо гуфта нашудааст, ки сабаби фалокат чӣ буд ва кадом тараф қоидаи ҳаракатро риоят накардааст.Рӯзе пештар аз ин, ВКД гуфта буд, ки дар ноҳияи Шаҳритус як тифли 5-соларо низ мошин зада ва куштааст.Садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҳамвора як мавзӯи доғ дар кишвар боқӣ мемонанд.Бино ба омори Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар натиҷаи 531 садама 287 нафар ҷон бохта, 508 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба ибораи дигар фақат дар ним сол ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон на камтар аз як нафар ба ҳалокат расида ва се каси дигар захм бардоштаанд.Роҳҳои ноҳамвор, додани парвона бидуни таҷрибаи кофӣ ва донистани қоидаҳои ронандагӣ ба мардум ва суръати баланду беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз сабабҳои маргумири зиёду фоҷиаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 07, 2026
Бозии охирини Лионел Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина
Лионел Месси
Лионел Месси, ситораи ҷаҳонии футбол, рӯзи 6-уми октябр бори охир дар ҳайати мунтахаби Аргентина ҳунарнамоӣ кард.Қуваозмоии дӯстона миёни дастаҳои Аргентина ва Бенин дар шаҳри Буэнос-Айрес бо ҳисоби се бар ҳеч ба фоидаи соҳибони майдон ба поён расид.Месси дар ин бозӣ як дафъа аз зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ тӯбро ба ҳадаф расонд.Ӯ тӯли ду даҳсола узви дастаи мунтахаби Аргентина буда, аз ҷумла дар соли 2022 соҳиби Ҷоми ҷаҳонии футбол шудааст.Корномаи асосии Месси бо дастаи футболи Барселона мебошад, ки чанд дафъа қаҳрамони Испания ва барандаи Ҷомҳои Аврупоӣ шудааст.Ӯ аввалин футболбоз дар ҷаҳон аст, ки 8 дафъа барандаи Тӯби Тилоӣ, яъне аз назари хабарнигорону коршиносони соҳа беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.Барои худоҳофизӣ бо Месси рӯзи 6-уми октябр садҳо ҳазор нафар ба майдонҳои пойтахти Аргентина баромада буданд.Ҳарчанд Месси аз ҳунарнамоӣ дар сафи мунтахаби Аргентина даст кашидааст, аз футбол берун нахоҳад буд. Вай дар дастаи Интер Маями сабқат дар қаҳрамонии футболи ИМА-ро идома медиҳад.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 06, 2026
Сабукии дигари Тоҷикистону Эрон ба шаҳрвандони ҳамдигар
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронияш Масъуд Пизишкиён. Акс аз 31-уми августи 2026
Тоҷикистон ва Эрон рафтуои мардуми худро ба хоки ҳамдигар осон кардаанд.Акнун барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.
Сайидҷон Шафизода
Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, ин муқаррарот аз 5-уми октябр ба иҷро даромад.То ин дам танҳо шаҳрвандоне, ки бо ҳавопаймо байни ду кишвар рафтуо мекарданд, аз гирифтани раводид озод буданд."Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм… амалӣ карда мешавад," – афзуд Сайидҷон Шафизода.Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз (дар давоми се моҳ) бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол сарду печида буд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва дар айни замон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд. Шаҳрвандони Эрон ҳам бештар барои тиҷорату дидани Тоҷикистон меоянд.Тасмими нави Душанбеву Теҳрон дар ҳолест, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати эронии "Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон бо сабаби таҳримҳои Амрико дучори мушкил гаштааст.Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 06, 2026
Ҳалзен барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд
Франсис Ҳалзен дар Донишгоҳи Висконсин-Медисони Амрико кор мекунад
Профессор Франсис Ҳалзен аз Белгия барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд.Дар ин бора рӯзи 6-уми октябр дар маросиме дар Стокҳолм хабар доданд.Ҳалзен дар Донишгоҳи Висконсин-Медисони Амрико кор мекунад.Ҷоизаро барои нақши ҳалкунандаи ӯ “дар эҷоди зарраи нейтринои IceCube ва кашфи нейтринои баландэнержии астрофизикӣ” тақдим намуданд.Франсис Ҳалзен соли 1988 аввалин касе буд, ки пешниҳод кард яхро дар Қутби Ҷанубӣ истифода карда, нейтринои аз кайҳони дур ба замин расандаро маълум кунанд.Соли 2011 бо заҳматҳои ӯ дар Антарктида расадхонае бо номи IceCube таъсис шуд ва он аз яхи калоне дар ҳаҷми як километри мукааби насбшуда бо дастгоҳҳои ба нур ҳассос иборат мебошад. Ба шарофати ин кор соҳаи нави илм бо номи астрономияи нейтринӣ эҷод гардид.Қарор аст, ба зудӣ номи барандагони ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши кимиё, адабиёт ва барандаи ҷоизаи сулҳ эълон шавад.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 06, 2026
Фиристодаи вижаи Трамп гуфт, “ӯ мехоҳад ба Узбекистон равад”
Доналд Трамп (рост), раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои узбекистонияш Шавкат Мирзиёев (чап)
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои дидани Узбекистон майл нишон додааст, аммо замони сафари ӯ ҳанӯз маълум нест.Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи Трамп дар масоили шарикии ҷаҳонӣ, дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Узбекистон 24" дар шаҳри Тошканд хабар дод.Ӯ аз ҷумла гуфт: "Президент барномаи зиёди корӣ дорад, вале ӯ ба ман дар бораи нияти сафар ба Узбекистон гуфта буд. Ман ҳам ҳамеша ин мавзуъро матраҳ мекунам. Як рӯз ҳатман ба Узбекистон меояд. Умедворам, ки ин сафар ҳарчи зудтар анҷом мешавад."Ин хабар дар остонаи сафари ҳайати бузурги тиҷоратии Амрико ба Узбекистон ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст.Қарор аст, нишаст моҳи октябр барпо шавад ва ба қавли Серҷио Гор, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, мақсади он тақвияти мавқеи тиҷоратии Вашингтон дар Осиёи Марказӣ аст.Паоло Замполли дар мусоҳибааш таъкид кардааст, ки муносибатҳои президенти Амрико Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бисёр хуб аст. Мирзиёев борҳо Трампро барои боздид аз Узбекистон даъват кардааст.Маъмурияти Кохи Сафед солҳои охир ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар карда, аз ҷумла дастрасӣ ба маъданҳои табиии ин кишварҳоро муҳим донистааст.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 06, 2026
Амрико ба Тоҷикистон як низоми паҳподӣ дод
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст
Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон як низом ё сомонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дода, онро “имконияти нав ва тақвияти шарикӣ” номидааст.Сафорати Иёлоти Муттаҳида 6-уми октябр дар баёнияе гуфт, ин низоми паҳподӣ “барои тақвияти амният дар сарҳад ва вокуниши муассир ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард”.“Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар 35 соли гузашта барои эҷоди минтақаи амнтар ва босуботтар бо якдигар ҳамкорӣ кардаанд,” – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат.Манбаъ ҷузъиёти дигаре наовардааст.Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст.Ин ёриҳо асосан барои ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятӣ ва рушди зербунёдҳо дар марз сарф шудаанд.Вашингтон дар ин муддат беш аз даҳ дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ сохта ё таъмир кардааст. Аз ҷумла, бунёди қисми сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус 14,5 миллион доллар харҷ дошт.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 05, 2026
Номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб маълум шуд
Ҷоизаи имсолаи Нобелро дар бахши тиб Карл Дейссерот, Петер Ҳегеман ва Георг Нагел гирифтанд
Номи барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб рӯзи 5-уми октябр эълон шуд. Онро муҳаққиқон Карл Дейссерот, Петер Ҳегеман ва Георг Нагел барои "кашфиёт дар бахши каналҳои ионии ҳассос ба нур ва оптогенетика" гирифтанд.Кумитаи Нобел гуфт, Ҳегеман ва Нагел сафедаи "каналородопсин"-ро кашф карданд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳар ҳуҷайрае дар баробари нур ҳассос мешавад.Донишманди сеюм Дейссерот "ин сафедаро ба калиде бо қобилияти назорати нурӣ барои ҳуҷайраҳои асаб табдил додааст"."Акнун ин шеваи назорат аз аломатҳои асабро бо ёрии нур оптогенетика меноманд ва он аҳамияти ҷаҳонӣ касб кардааст," -- навиштааст Кумитаи Нобел.Оптогенетика имкон медиҳад, ки роҳи ташаккулёбии хотира, эҳсосот ва рафтор дар мағзи сари инсони зинда мушоҳида шавад. Кумитаи Нобел навишт: “Ҳар рӯз як ихтирои нав мешавад, ки ба кашфи асрори инсоният – тарзи кори мағзи сари одам имкон медиҳад."Бо шурӯи ҳафтаи эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел, қарор аст, номи ғолибони ин ҷоизаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар бахши физика, кимиё, адабиёт, иқтисод ва сулҳ базудӣ маълум шавад.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 05, 2026
Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар марз тақвият додааст
Озмоишгоҳи муассисаи таҳқиқоти зидди вабо дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Тоҷикистон баъди гузоришҳо дар мавриди вабо дар Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории сироятии хатарзо чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ тақвият додааст. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Саид Давлатзода, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, навишт, ки ҳарорат ё таби мусофиронро дар сарҳад месанҷанд.Инчунин, ба гуфтаи ӯ, аз мусофирон пурсида мешавад, ки оё нишонаҳое аз дилбеҳузурӣ, дарди сар, заъфи бадан ва дарди мушак доранд ё на.Ӯ аз мусофироне, ки аз Русия меоянд, даъват кардааст, ҳангоми доштани яке аз ин нишонаҳо ҳатман ба мутахассисон муроҷиат кунанд.Сабаби роҳандозӣ шудани чунин тадбирҳо марги як зани 28-сола дар бемористоне дар вилояти Иркутски Русия мебошад.Матбуот ва саҳифаҳои мухталиф дар Телеграм навиштанд, ки ин зан рӯзи 25-уми сентябр дар як озмоишгоҳ шишаи дорои манбаи ваборо шикаст ва худаш ба беморхона интиқол ёфт. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ин зан аз “илтиҳоби шуши табиаташ номаълум” даргузашт.Дар Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳам эълон карданд, ки чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд.
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Октябр 05, 2026
Ҳамлаи шабонаи Русия бо 205 паҳпод ба Украина
Пайомади ҳамлаҳои Русия ба Харков
Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки Русия шаби 4 ба 5-уми октябр бо 205 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба ин кишвар ҳамла кард.Аз ин теъдод танҳо 172 паҳподро маҳв намудаанд.Шаҳрдори Харков, Игор Терехов, гуфт, бар асари бархӯрди паҳподҳои Русия ба манзилҳои истиқоматӣ як нафар кушта ва дастикам ҳашт тан захмӣ шуд.Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки низомиёни Русия ба ноҳияи Индустриали Харков низ ҳамла кардаанд.Дар натиҷа бинои дуошёнаи маъмурӣ ва чанд мошин оташ гирифта, ба хонаҳои мардум зарар расид.Дар ҳамин шаб вилояти Одесса низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳарчанд касе осеб надид, ба қавли раиси маъмурияти вилояти Одесса Олег Кипер, “сӯхтори густурдае сар зад.”
Идома
Ба дигарон фиристед
Линкро нусхабардорӣ кунед
Facebook
X (Twitter)
Email
Ба дигарон фиристед
Бидуни филтршикан
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ёфтҳои бештар
Пайгирӣ кунед
Маълумот
Дар бораи Озодӣ
Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?
Чӣ гуна шарҳ нависем?
Тамос бо мо
Замимаҳо
Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
Замимаи Озодӣ дар iOS
Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2026 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
if (!isPreviewPage) {
window.OneSignalDeferred = window.OneSignalDeferred || [];
OneSignalDeferred.push(function(OneSignal) {
OneSignal.init({
appId: "6caa8d29-c22c-4648-9ebb-f183334605bd",
// opera mini - disable ico font
if (navigator.userAgent.match(/Opera Mini/i)) {
document.getElementsByTagName("body")[0].className += " can-not-ff";
// mobile browsers test
if (typeof RFE !== 'undefined' && RFE.isMobile) {
if (RFE.isMobile.any()) {
document.getElementsByTagName("body")[0].className += " is-mobile";
else {
document.getElementsByTagName("body")[0].className += " is-not-mobile";
XS
SM
MD
LG
var bar_data = {
"apiId": "33872797",
"apiType": "1",
"isEmbedded": "0",
"culture": "tg-TJ",
"cookieName": "cmsLoggedIn",
"cookieDomain": "www.ozodi.org"