Магчымыя памылкі вылучэння або перакладу.
Апісанне на мове арыгіналаRU • Арыгінал
Пайвандҳои дастрасӣ
Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
Ҷаҳиш ба ҷустор
Тор нусхагирӣ шуд
ГӮШАҲО
СИЁСАТ
ИҚТИСОД
ҶОМЕА
ҚАЗИЯИ "КРОКУС"
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ФАРҲАНГ
МЕҲМОНИ ОЗОДӢ
ВАРЗИШ
ГАПИ ОЗОД
РӮЗГОРИ МУҲОҶИР
САЛОМ, ХОҲАР
ТАҲҚИҚОТ
ҶАНГ ДАР УКРАИНА
НАЗАРИ МАРДУМ
БЛОГИСТОН
ОЗОДӢ ОНЛАЙН
ЧАНДРАСОНАӢ
ВИДЕО
НИГОРИСТОН
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОӢ
РӮЙХАТҲО
КИТОБҲОИ ОЗОДӢ
Русский
ПАЙГИРӢ КУНЕД
Ҳамаи сомонаҳои RFE/RL
РУС
TV
Ҷустуҷӯ
ҲОДИСА
"Ба худкушӣ расондан". Боздошти як додситон дар пайванд ба марги Меҳрона
Июл 22, 2026
Ба дигарон фиристед
Меҳрона Ноибова дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид
Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи зердасташ, Фирӯз Саидзода, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Радиои Озодӣ дар ин бора ҳанӯз моҳи май бо такя ба манобеаш хабар дода буд. Ин духтари ҷавон моҳи апрели имсол дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.
"Нисбат ба Меҳрона Ноибова дар воситаҳои ахбори омма маълумоти бисёр пахш шуд. Вобаста ба ин кор. Нисбат ба собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳим, Фирӯз Саидзода, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 109 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ӯ дастгир шудааст ва ҳозир дар ҳабс аст," – шарҳ дод Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотии 22-юми июл.
Банди 109-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон "ба худкушӣ расондан" аст ва аз се то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Додситони кул дар бораи ҷузъиёти дигари парванда ва инки Фирӯз Саидзода чӣ гуна Меҳрона Наибоваро ба худкушӣ расондааст, маълумот надод.
Пайвандони Меҳрона Ноибова пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ба фарзияи даст ба худкушӣ задани ӯ бовар надоранд. Дар наворҳое, ки Меҳрона як рӯз пеш аз ҳодиса дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кардааст, шоду хандон ба назар мерасад ва ҳеч яъсу навмедӣ дар чеҳрааш дида намешавад.
Солеҳамо Нозимова, хешованди Меҳрона Ноибова, рӯзи 22-юми июл дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон бояд то оғози моҳи август ӯ ва вакили мудофеъро бо натиҷаҳои таҳқиқ шинос кунанд.
ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:
Хоҳари Меҳрона: "Вай наметавонист худро ба дарё андозад"
Дар ҳамин ҳол, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, як зердасти дигараш, Давлат Арабзода, ки қаблан номаш дар робита ба марги Меҳрона Ноибова расонаӣ шуда буд, "дар ин ҳодиса даст надорад".
"Дуюм корманд Арабзода ҳаст. Ин ҳам муфаттиши Прокуратураи генералӣ. Дар худкушии Ноибова даст надорад. Вай ҳамчун ҳамкор, ҳамчун ронанда дар мошини Саидзода Фирӯз ба корҳои шахсии худаш ба ноҳияи Дарвоз сафар кардааст," -- афзуд Ҳабибулло Воҳидзода.
Мавқеи ду муфаттиши додситонӣ ва вакилону наздикони онҳо ба ҳодиса ҳанӯз маълум нест.
Қаблан баъзе аз манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "ин ду корманди Додситонии кул бо гурӯҳе аз дӯстон аз пойтахт барои истироҳат ба Дарвоз рафтаанд ва Меҳрона Ноибова, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, яке аз ҳамроҳони онҳо будааст".
“Чорчаман”, ҷое, ки ҳодиса рух додааст, як осоишгоҳи маъруф дар Тоҷикистон буда, дар соҳили рӯди Паткуноб ва Панҷ ҷойгир аст. Оби рӯди Паткуноб ҷараёни тез дорад ва каме дуртар аз осоишгоҳ ба рӯди Панҷ мепайвандад.
Навор дар Инстаграм:
Ба дигарон фиристед
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Чоп
Гӯшаҳо
Тоҷикистон
Ҷомeа
Ҳодиса
Матолиби навтарин
Вобаста
Хоҳари Меҳрона: "Вай наметавонист худро ба дарё андозад"
Парвандаи марги Меҳрона: Худкушӣ ё чизи дигар?
Як корманди додситонӣ дар пайванд ба марги Меҳрона боздошт шудааст
Хоҳари Меҳрона мехоҳад, парвандааш одилона таҳқиқ шавад
Ҷузъиёти парвандаи Меҳрона, ки ҷасадашро дар Дарвоз пайдо карданд
ПАЙГИРӢ КУНЕД
МАЪЛУМОТ
Дар бораи Озодӣ
Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?
Чӣ гуна шарҳ нависем?
Тамос бо мо
ЗАМИМАҲО
Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
Замимаи Озодӣ дар iOS
Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2026 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
SM